zoofirma.ru

Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» барандаи ҷоиза шудТаҷдиди иншооти энергетикӣ аз масъалаҳои муҳими сатҳи байналмилалист. Дар ин бобат аз ҷониби институтҳои байналимилалии маблағгузорӣ ҳар сол лоиҳаҳои зиёде пешниҳод ва амалӣ мегарданд.

Дар доираи бизнес - форуми Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки 13 - 15 майи соли 2015 дар шаҳри Тбилисии Гурҷистон баргузор гардид, маросими супоридани мукофотҳо ба беҳтарин лоиҳаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар номинатсияҳои гуногун ташкил карда шуд.

Бо  ифтихор  бояд  зикр  намуд, ки Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ҳамчун «лоиҳаи беҳтарин дар мувофиқкунонӣ  ба  тағйирёбии иқлим  барандаи ҷоиза гардид.

 

Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи стратегии иқлим, зерҳисоби Хазинаи сармоягузории иқлим, Хазинаи махсус оид ба барномаи пилотии баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим маблағгузорӣ мегардад.

Дар лоиҳаи “Таҷдиди НБО-и “Қайроққум” усулҳои муосири инноватсионӣ, ки тағйирёбии иқлимро дар лоиҳакашии сармоягузорӣ ба инобат мегиранд, истифода шудааст. Коршиносони ба лоиҳа ҷалбшуда дурнамои фаъолияти обанборро дар ҳолатҳои гуногуни эҳтимолии тағйирёбии иқлим ҳисоб намуданд, ки он барои интихоби тарзи мувофиқи лоиҳакашии таҷдиди неругоҳ дар ҳама диапазони эҳтимолии тағйирёбии иқлим мусоидат намуд.

Таъсири ин лоиҳа аз доираи таҷдиди як неругоҳи барқи обӣ берун мебарояд. Зеро усули асосии пешбинӣ гардидани масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар лоиҳакашии сармоягузорӣ ба устувории Неругоҳи барқи обии Қайроққум дар тағйирёбии иқлим ва таъмини қувваи барқ барои маҳалҳои аҳолинишини қисми шимолии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Менеҷерони «Барқи Тоҷик» маълумоти заруриро барои муайян намудани хатари тағйирёбии иқлим ба гидроэнергетика ва тартиби бартараф кардани онҳоро меомӯзанд. Ҷамъ овардани маълумоти мазкур ва истифодаи онҳо дар фаъолияти корӣ барои беҳтар намудани фаъолияти неругоҳ, истеҳсоли неруи барқ, беҳтар намудани бехатарии садд кумак ва дар татбиқи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар ин соҳа мусоидат менамояд. Лоиҳаи мазкур пилотӣ буда, хулоса ва таҷрибаи он барои истифода дар иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ва гузоштани заминаи боэътимод ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар оянда кумак мекунад.

Мукофотро аз номи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» менеҷери генералии лоиҳаи “Кам намудани талафоти неру” Саидмумин Саидов, ки масъули татбиқи Лоиҳаи “Таҷдиди НБО-и Қайроққум” мебошад ва директори Неругоҳи барқи обии Қайроққум  Файзулло Авезов қабул намуданд.