zoofirma.ru

Ба ифтихори даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар маркази таҳсилоти иловагӣ озмуни расмкашӣ дар мавзӯи "Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои зулол" ташкил ва гузаронида шуд.

Дар озмуни шаҳрӣ мактабиёни муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Тибқи шартҳои низомномаи озмун дастаи муассисаҳои таълимии рақами 7(Адрасмон) ва 2 (Чоруқдаррон) сазовори ҷои якум, гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (Гулистон) ва муассисаи таълимии рақами 14 (Гулистон) сазовори ҷои дуюм ва муассисаи таълимии рақами 13  (Адрасмон) сазовори ҷои сеюм гашта,  бо мукофоту дипломҳо қадрдонӣ карда шуданд. Ғолибон ба озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.