zoofirma.ru

Дар толори бахши муҳити зисти шаҳр маҷлиси Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода таҳти раёсати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Дар ҷаласа фаъолияти Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2018 ҷамъбаст ва таҳлил гардид. Доир ба фаъолияти комиссия дар соли 2018 сардори бахши Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Ҳикматулло Амонов маърӯза намуда, доир ба корҳои иҷрошуда дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода, таъмини бехатарии истироҳаткунандагон дар давраи тобистон, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва монанди ин муфасал сухан ронд.

 

Дар интиҳо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар Низомнома пешбинӣ гардидаи комиссияи ҳудудӣ, аз ҷумла ташкил намудани ҳайати Комиссия барои муайян намудани минтақаҳои хавфнок ва бунёди иншоот дар минтақаҳои хавфнок ва селроҳаҳо дар ҳудуди шаҳр,  кӯчонидани аҳолие, ки дар минтақаҳои хавфнок зиндагӣ мекунанд, андешидани чораҳо дар вақти гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ бо роҳҳои шинонидани дарахтон дар соҳили селроҳаҳо, ташкил ва вусъат додани корҳо ҷиҳати суғурта намудани молу амвол, хусусан суғуртаи манзилҳои истиқоматӣ аз офатҳои табиӣ ва монанди ин ба аъзои комиссия, роҳбарони корхонаву идораҳо, раисони ҷамоати шаҳракҳо вазифагузории мушаххас намуд.