zoofirma.ru

Дар муассисаи таълимии томактабии №5-и "Офтобак"-и шаҳраки Чоруқдаррон (сарвараш Муҳаррама Набиева) конференсияи илмӣ-адабӣ ва чорабинии фарҳангӣ-тарбиявӣ дар мавзӯъҳои “Пешвои миллат ҳомӣ ва такягоҳи аҳли маориф” ва “Модар офарандаи инсонҳо” гузаронида шуд.

Дар чорабинӣ мураббиёни муассиса Ҳураматой Машарифова ва Назокат Ғафурова доир ба мавзӯъҳои “Назаре ба таърихи пайдоиши таҳсилоти томактабӣ дар Тоҷикистон” ва “Рушди тахсилоти томактабӣ дар меҳвари сиёсати Пешвои миллат” маърӯза намуда, тарбиятгирандагон доир ба шукронаи истиқлолият, Тоҷикистон шеърҳо қироат намуда, суруду саҳначаҳои ҷолиб ва намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш доданд.

Чорабинӣ бо иштироки волидайн, меҳмонон аз маркази шаҳр хеле хотирмону муъҷаз доир гардид.