zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабинии 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонӣ дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” рӯз то рӯз тақвият меёбад.

Ба истиқболи Наврӯзи байналмилал дар ҳудуди шаҳру шаҳракҳои Гулистон то ба имрӯз шаш шанбегиҳои умумишаҳрӣ ба вуқӯъ пайваста дар бо беш аз даҳ ҳазор нафар сокинон ширкат варзиданд.

Дар шанбегиҳо гирду атрофи корхонаву ташкилотҳо, муассисаву идораҳо, маҳалҳои аҳолинишин, боғҳои фарҳангиву истироҳатӣ, варзишгоҳҳо, сойҳо ва оромгоҳҳо аз алафҳои хушку партовҳо тоза карда шуда, шохбури дарахтони мавҷуда ва решакан кардани дарахтони хушкида гузаронидани шуданд. Ҳамзамон, 2580 метр ҷӯйборҳо тоза карда шуда, беш аз 15 тонна партовҳои гуногун бароварда шуданд. То ба имрӯз дар ҳудуди шаҳр 2350 бех сафедор, 1660 бех ардач,  780 бех санавбар, 143 бех сарв, беш аз 500 бех дарахтони мевадиҳанда, 23 ҳазор бех пиёзи гули лола (6 намуд), 20200 кӯчати гули садбарг шинонида шуданд.

Дар роҳи асосӣ аз шаҳраки Сирдарё то маркази шаҳр тибқи дизайни махсус корҳои чароғонкунӣ, гулзоркунӣ, гузоштани деворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 1800 метр ба вуқӯъ пайвастааст.

Рӯзи шанбе дар маркази шаҳр бо иштироки сокинон, маорифчиён,  табибон ва намояндагони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва аъзои ташкилотҳои ҷамъиятӣ шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид.

Аз ҷумла бо иштироки волонтёрони Ҷамъиятии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳр дар назди биноҳои баландошёнаи истиқоматии кӯчаҳои Истиқлол, Мирзо Турсунзода ва Дӯстии халқҳо беш аз 130 бех ниҳолҳои арчаву ардач шинонида шуданд. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ котиби иҷроияи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода иштирок намуда, изҳор дошт, ки бахши шаҳрии ҶҲАТ дар шаҳри Гулистон дар корҳои ободониву созандагӣ ва дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ фаъолона ширкат дорад.

Корҳои ободонӣ бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бомаром идома дорад.