zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии шаҳри Гулистон оид ба масъалањои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода бо мақсади санҷида баромадани сатҳи омодагӣ, маҳорату малака ва сатҳи касбии ҳайати роҳбарикунанда, неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, такмили малакаи мустақилона амал намудан дар ҳама гуна вазъият, машқи фармондеҳӣ-ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, қувва ва воситаҳои мудофиаи граждании ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода (заминларза) ташкил ва гузаронида шуд.

Тамрин дар се давра:«Хабардоркунӣ ва ҷамъшавӣ», «Иҷрои корҳои амалии наҷотдиҳӣ ва дигар корҳои таъхирнопазир» ва «Таҳлил ва ҷамъбасти машқ» ба вуқӯъ пайваст. Қолинбофон дар раванди машқи мудофтиаи гражданӣ маҳорату малакаи хуб ва омодагии хешро дар вазъияти фавқулодаи ба амаломада нишон доданд.

 

Дар ҷамъбасти машқ ҳар як марҳилаи машқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулин вазифагузорӣ карда шуданд. Иштирокчиёни фаъоли машқ ба сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.