zoofirma.ru

Дар асоси дастури Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ шурӯъ аз аз санаи 16-уми марти соли равон дар 30 маҳаллаҳои маркази шаҳр ва шаш ҷамоати шаҳракҳои Гулистон ва тибқи нақшаи тасдиқгардида дар чорабиниҳои наврӯзӣ бо пухтани сумалак ҷараён дорад.

ЧОРУҚДАРРОН. Вобаста ба ин, дар шаҳраки Чоруқдаррон рӯзи 16-уми март бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар се маҳаллаи шаҳрак – маҳаллаи рақамҳои 1,2 ва 5 бо иштироки сокинон ва меҳмонон тантанаҳои идонаи наврӯзӣ баргузор карда шуданд.

Дар тантанаҳои идона пухтани суманак, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, гулгардонӣ, бозиҳои миллӣ ва дигар расму оини наврӯзӣ намоиш дода шуда, барои қишри ниёзманди аҳолӣ оши хайриявӣ ва аёдати барҷомондагон баргузор карда шуданд.

 

Раиси ҷамоати шаҳрак Наргиса Бердиева изҳор дошт, ки тантанаҳои идона дар дигар маҳаллаҳо низ баргузор гардида, мардуми соли нави миллиро бо рӯҳияи шукргузорӣ аз истиқлолият ва ифтихори миллӣ талил менамоянд.