zoofirma.ru

Тарғиби ғояҳои муоширатДар МТМУ-и №10 вохӯрии оилаҳои Нодировҳо ва Аҳмедовҳо бо толибилмону омӯзгорон доир гардид. Намояндагони оилаҳои тифоқ назди ҳузурдоштагони чорабинӣ роҷеъ ба оилаю оиладорӣ, эҳтироми тарафайн, тарбияи фарзанд, роҳ надодан ба бетарафию  саҳлангорӣ дар рӯзгор ва монанди инҳо ҳарф заданд.

Ба суолҳои омӯзгорону хонандагон ҷавобҳои саҳеҳ аз ҷониби аъзоёни оилаҳои даъватгардида дода шуд.

- Маҳфил баҳри таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва тарғиби ғояҳои муошират байни аҳли хонавода самари хубе бахшид,- иброз дошт, андешаҳои хешро доир ба чорабинӣ раиси Ҷамоати шаҳраки Зарнисор Шаҳло Шарифова.