zoofirma.ru

АМРИ

РАИСИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН

аз 6-уми феврали соли 2019 № 14-а

Дар бораи таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Гулистон

барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои дурнамои

буҷети шаҳр барои солҳои 2021-2022

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати таъмини иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 108-ф аз 29-умидекабри соли 2018 ва Амри Раиси вилояти Суғд аз 24-уми январи соли 2019,№22 амр, бо мақсади таҳияи саривақтии лоиҳаи буҷети шаҳр барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои дурнамои буҷети шаҳр барои солҳои 2021-2022, истифодаи самараноки захираҳои буҷет ва ҷорӣ намудани банақшагирии миёнамуҳлати молиявӣ АМР МЕДИҲАМ:

1.Барои баррасӣ намудани лоиҳаи буҷети шаҳр, нақшаи даромаду хароҷоти раёсат ва идораҳои аз буҷети шаҳр маблағгузоришаванда, ҳайати замимагардидаи комиссияи шаҳрӣ тасдиқ карда шавад.

2.Раёсати молия дар шаҳр:

- баҳри саривақт таҳия ва тартиб додани лоиҳаи буҷети шаҳр барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои дурнамои буҷети шаҳр барои солҳои 2021-2022 тадбирҳои зарурӣ андешида, ба кумитаҳо, шуъбаҳои дахлдор ва муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ маблағгузорӣ мешаванд, Дастурамал оид ба таҳия намудани лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ва дурнамои он барои солҳои  2021-2022-ро, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад, дастрас намояд;

- лоиҳаи пешакии буҷети шаҳр барои соли 2020 ва нишондиҳандаҳои дурнамои буҷети шаҳрро барои солҳои 2021-2022 на дертар аз санаи 1-уми июни соли 2019 ба Раиси шаҳр ва ба Сарраёсати молия дар вилояти Суғд пешниҳод намояд.

3.Шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба Раёсати молия дар шаҳр то санаи 5-уми майи соли 2019 нишондиҳандаҳои муайян гардидаи дурнамои инкишофи иҷтимоию  иқтисодии шаҳр барои соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022 мувофиқи соҳаҳо пешниҳод намояд.

4.Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидориашон лоиҳаи нақшаҳои молиявӣ, истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии пулакӣ, мувозинаи даромаду хароҷот, ҳисоби воридоти андозӣ, аз ҷумла аксизҳо, андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар пардохтҳои давлатиро таҳия намуда, то санаи 5-уми майи соли 2019 ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намоянд.

5.Нозироти андози шаҳр то санаи 1-уми майи соли ҷорӣ ба Раёсати молия дар шаҳр маълумотҳои зеринро аз рӯи ҳисоботи воқеии соли 2018, дурнамои баҳодиҳии соли 2019 ва дурнамо барои солҳои 2020-2022 пешниҳод намояд:

- оид ба ҳисобҳои пешакии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар соли 2019 дар миқёси шаҳр;

- оид ба маблағи имтиёзҳои андозӣ аз рӯи намудҳои андоз, низомҳои махсуси андозбандӣ ва низомҳои имтиёзноки андозбандӣ дар миқёси шаҳрбарои  соли 2020;

- маълумотҳои моҳона ва солона оид ба шумораи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз фоида ва андозҳое, ки тибқи низомҳои махсуси андозбандӣ пардохта мешаванд, шумора ва намудҳои фаъолияти  соҳибкорони бо патент ва шаҳодатнома фаъолиятбаранда, андоз аз субъектҳои бизнеси бозӣ ва андоз тибқи низоми содакардашудаи дар миқёси шаҳру шаҳракҳо;

- рӯйхати супорандагони андози аксизӣ ва андоз барои захираҳои табиӣ, инчунин воридоти интизории ин андозҳо дар соли 2019 дар миқёси шаҳр;

- рӯйхати андозсупорандагони калон ва миёна, манбаи андозбандӣ ва ҳисоби пешакии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ дар соли 2019;

- маблағҳои ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқул (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), аз ҷумла андози замин дар соли 2019 дар миқёси шаҳр ва шаҳракҳо.

6.Бахши сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то санаи 5-уми майи соли 2019 ба Раёсати молия дар шаҳр маълумотҳои зеринро барои солҳои 2020-2022 пешниҳод намояд:

- дар якҷоягӣ бо шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба лоиҳаҳои давлатии сармоягузории бо ҷалби кумаки беруна амалишаванда, ки дар давраи миёнамуҳлат амалӣ мегарданд;

- оид ба маблағи суди саҳмияи ҷамъиятҳои саҳомӣ, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошад, бо нишон додани номгӯй ва ҳиссаи ҷамъиятҳо;

- оид ба маблағи умумии аз хусусигардонии моликияти давлатӣ воридшаванда бо дарназардошти иҷораи воқеии он дар соли 2018 ва баҳодиҳии чашмдошти соли 2019, инчунин номгӯи молу мулки хусусигардонидашаванда;

- оид ба воридоти маблағҳо аз ҳисоби ба иҷора додани молу мулки давлатии мансуб ба моликияти шаҳрии ташкилотҳо бо дарназардошти иҷораи воқеии он дар соли 2018 ва баҳодиҳии чашмдоштшавандаи соли 2019.

7.Бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр то 1 майи соли 2019 аз рӯи нақшаи уҳдадориҳо оид ба пешгӯии истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти саноатӣ барои солҳои 2020-2022 дар миқёси корхонаҳо ба Раёсати молия дар шаҳр маълумот пешниҳод намояд.

8.Бахши омори шаҳр то санаи 5-уми майи соли равон ҳисоботи оморӣ дар бораи шумораи воситаҳои нақлиёт ба ҳолати 1-уми январи соли 2019, шумораи умумии аҳолӣ (аз ҷумла фаъоли иқтисодӣ), музди меҳнати миёнаи моҳона, бозори меҳнат, ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана, хизматрасониҳои пулакӣ, нархҳои истеъмолӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, сохтмони асосӣ, саноат, кишоварзӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии дохилиро ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намояд.

9.Шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳр то 5-уми майи соли равон маълумот оид ба шумораи воситаҳои нақлиёт ба ҳолати 1-уми январи соли 2019 бо нишон додани тамға ва иқтидори вазнбардорӣ барои муайян намудани заминаи андозбандии андоз аз воситаҳои нақлиёт ба Раёсати молияи шаҳр пешниҳод намояд.

10.Кумитаи идораи замини шаҳр то санаи 5-уми майи соли равон якҷоя бо Нозироти андози шаҳр маълумотҳоро оид ба ҳисоби андоз аз молу мулки ғайриманқул (андози замин) барои солҳои 2020-2022 дар миқёси шаҳр ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намояд.

11.Идораи нотариалии давлатии шаҳри Гулистон якҷоя бо кумитаи идораи замини шаҳр то санаи 5-уми майи соли 2019 оид ба маблағи умумии фурӯши амволи ғайриманқул дар солҳои 2018 ва 5 моҳи аввали соли 2019 мувофиқи шаҳру шаҳракҳо ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намояд.

12.Сохтори госпиталӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ба Раёсати молия дар шаҳр барои таҳияи саривақтии лоиҳаи буҷети шаҳр барои соли 2019:

-афзалиятро ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ бо дарназардошти зиёдшавии хароҷоти воқеии ҳарсола барои нигаҳдории онҳо, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат муайян намояд;

-басти вазифаҳо ва пардохти музди меҳнатро барои кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюмдараҷа (рӯйхати ташкилотҳо, марказҳо ва муассисаҳои буҷетие, ки ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюмдараҷа дохил мешаванд) муайян ва пешниҳод намояд;

- маблағҳои молиявиро байни муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва дуюмдараҷа тақсим намоянд.

13.Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба Раёсати молия дар шаҳр дар доираи ислоҳот ва маблағгузории соҳаи маориф дар солҳои 2020-2022:

-музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимиро бо дарназардошти шумораи муассисаҳо, воҳидҳои ҷои корӣ муайян намуда, маълумоти муфассал пешниҳод намояд.

14.Шуъба, муассиса ва ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ маблағгузорӣ мешаванд:

-дурнамои тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии соҳаҳоро ба асос гирифта, мувофиқи қарорҳои қабулшуда ва супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муҳлати на дертар аз санаи 5-уми майи соли 2019 нақшаи хароҷоти ҷамъбастӣ ва ҳисоби асосноки онро таҳия ва ба Раёсати молия дар шаҳр пешниҳод намоянд;

-якҷоя бо лоиҳаи нақшаҳои хароҷотҳои буҷет, лоиҳаҳои хароҷоти маблағҳои махсусро бо ҳисобҳои асоснок мувофиқи ҳар як моддаи буҷет аз рӯи номгӯи ташкилоту муассисаҳое, ки барои истифодаи маблағҳои махсус ҳуқуқ доранд, пешниҳод намоянд.

15.Раёсати молия дар шаҳр назорати иҷрои амри мазкурро таъмин намуда, ҳар семоҳа ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои талаботи он аз ҷониби шуъбаҳо идораҳо ҳисобот манзур намояд..

Раиси шаҳр                                                    Фирдавс Шарифзода