zoofirma.ru

Натиҷаҳои семоҳаи аввал

Дар давоми семоҳаи аввали  соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон ба маблағи 783 миллиону 493,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 102,3 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 17,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 96,3%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 3,7%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 28 корхонаи саноатии шаҳр 17-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,6% то ба 5,1 маротиба зиёд расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд.

Дар давоми моҳҳои январ-марти соли 2019 корхонаҳои саноатии шаҳр  маҳсулоти гуногуни саниатию ниёзи мардумро, аз ҷумла: 60 ҳазору 223,8 тонна консентрати сурб, руҳ ва хокаи мис, 4 ҳазору 388,2 тонна орд, 841,1 тонна сабус, 4450 тонна комбикорм (ему хошоки омехта), 517,1 метри мукааб маҳлули бетонӣ, 7639,6 метри мукааб регу сангмайда, 4 миллиону 492 ҳазор дона зарфҳои шишагии 0,5 литра, 1159,1 метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ, 258,3 миллион квт/соат неруи барқ, 1831,9 декалитр машрубот, 735,5 ҳазор метри мураббаъ маҳсулотҳои қолинӣ, 584,2 тонна маҳсулоти полипропиленӣ, 19,4 тонна қубури оҳанӣ, 370 тонна реги кварсӣ, 18,9 ҳазор дона шифер, ба маблағи 804,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, ба маблағи 438,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти заргарӣ, 40 ҳазору 400 дона пӯсти чорво, 60 километр кабел ва дигар маҳсулоти саноативу марриди ниёзи мардумро  истеҳсол намуданд.

Дар семоҳаи аввали соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Маҳмуд и Компания” бо таъсиси 100 ҷои нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин, дар ин  давра як сехи парвариши чӯҷа бо 8 ҷойи корӣ ва биноҳои ёрирасони фабрикаи бойгонии Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой ба фаъолият оғоз намуд.

Дар ҳудуди шаҳр теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 10108 ададро ташкил медиҳад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 8529 нафар мебошад, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 57 нафар зиёд мебошад. Музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 1793 сомониро ташкил медиҳад. Аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар семоҳа 108 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Алҳол, дар шаҳр ҳамагӣ аз тарафи 17 корхонаи кордиҳанда 129 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 28,7 фоизро ташкил дод.

Дар корхонаҳои саноатии Гулистон истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 74 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон