zoofirma.ru

Дар маркази фароғатии-фарҳангии «Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии «Кадбону беҳтарин» баргузор гардид. Дар он кадбонуҳои гулистонӣ дар ҳайати Ҳалима Орифова, Адиба Бобоҷонова, Шаҳодат Сатторова дастаи шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик»-ро бо оростани дасторхони миллӣ муаррифӣ намуданд.

Ба ҳунари кадбонуҳои гулистонӣ ҳайати ҳакамон баҳои баланд гузоштанд.

Дар ҷамъбасти ниҳоии озмун ҳайати ҳакамон дар номинатсияи «Нонҳои беҳтарин» ҷойи сеюмро ба намояндаи шаҳри Гулистон Ҳалима Орифова ҷоиз шуморида, мавсуф бо туҳфаву мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. Кадбонуи гулистонӣ акнун соҳиби роҳхат ба озмуни ҷумҳуриявӣ гардида, дар озмуни «Нонҳои беҳтарин»-и ҷумҳуриявӣ ширкат мекунад.