zoofirma.ru

Фестивал ба Қайроққум омад11 июни соли равон иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман» ба шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» ташриф оварданд.

Аҳли Фестивалро дар даромадгоҳи шаҳраки Сирдарё бо сарварии Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум намояндагони шаҳр самимона бо   садои карнай ва нону намак пазироӣ намуданд. Назди ҳозирин Раиси шаҳр баромад кард. Рақсҳои дилангези товусхиромони қайроққумӣ меҳмононро ба ваҷд овард.

Баъдан, иштирокдорони Фестивал ба Маркази солимгардонии ҷавонону наврасони «Шоҳин» ташриф оварда дар чорабиниҳои варзишӣ ширкат варзиданд.