zoofirma.ru

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд  бо ибтикори Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд  озмунҳои варзишии "Шоҳмот" ва "Шашка" байни бонувони омӯзгори 15 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мусобиқаи шашкабозӣ Наргиса Сатторова омӯзгори МТМУ № 3-и шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон соҳиби ҷойи ифтихории сеюм шуда, бо диплом ва туҳфаи хотиравӣ сарфароз гардид.