zoofirma.ru

Бо ибтикори кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, фаъолзанони ҳизбӣ, собиқадорон мизи мудаввар таҳти унвони “Нақши бонувони ҳизбӣ дар даврони истиқлолият доир гардид. Мизи мудавварро  раиси кумиҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуд. Сипас  мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҳизб Фирӯзахон Раҳимӣ доир ба нақши бонувони ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафу ғояҳои созандаи ҲХДТ ҳарф зад.

Сипас баромадкунандагон ва музокирачиён дар мавзӯъҳои “Нақши ҲХДТ дар пойдории оила”, “Саҳми  ҲХДТ дар рушди иқтисодиёти шаҳр”, “Ҳунар беҳ аз зар”, “Ҷавонон ояндаи миллатанд”, “Оила ва саломатии он”, “Зан ва маориф дар 25 соли ҲХДТ” баромадҳо намуда, доир ба нақши зан дар ҷомеа муӣбодилаи афкор намуданд.

Дар мизи мудаввар аъзои Шӯрои занони вилоят Матлуба Муинова, Манучеҳра Кенҷазода ва Ҳадябону Набизода иштирок ва мубодилаи афкор намуданд.