zoofirma.ru

Дар толори бахши фарҳанг Фестивали шаҳрии «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар озмуни шаҳрӣ беш аз 80 нафар духтарону бонувон бо намоиши куртаи чакан аз рӯи 6 бахш “Беҳтариин либоси қадимаи чакан”, “Беҳтарин либоси кӯдакона», “Беҳтарин либоси рӯзмарра», “Беҳтарин либоси маросимӣ ва идона”, “Беҳтарин либосҳои расмӣ”, “Беҳтарин навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ» бо пешниҳоди сӯзаниҳо, бо истфодаи рамзу унсурҳои фарҳанги миллӣ, нақшу нигор ва гулҳои рангоранг манзур карда шуданд.

Ғолибон ва тарроҳони беҳтарин бо диплому таҳфаҳоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ сарфарозонида шуданд. Ба даври вилоятии озмун ғолибони даври шаҳрӣ Нигора Одинаева, Ҳуснигул Даминова, Ясмина Олимова, Рамзия Раҳматова, Рухсора Соқиева, Маниҷаи Сафаралӣ, Фирӯза Инъомҷонова, Ситора Аминҷонова, Қумринисо Содиқова, Наргис Раҳматҷонова, Фирӯза Иноятова, Маҳина Бадриева, Замира Бадриева, Мубина Бадриева, тарроҳон Миҷгона Ахмедова, Азиза Боева, Фирӯза Қодирова роҳхат гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон