zoofirma.ru

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷаласаи навбатии ситоди шаҳрӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ҷаласаро Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Зикр гардид, ки дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ба нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа дода шаванд.

Дар баробари ин, барои тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ тамоми зиёиён, ҷавонону занон, роҳбарони муассисаҳои илмиву фарҳангӣ ин арзиши муқаддаси миллиро ба таври васеъ инъикос кунанд, дар тафаккур ва андешаи ҳар як сокини кишвар, бахусус, наврасону ҷавонони мамлакат мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодиро ҳарчи бештар ҷой намоянд.

Доир ба ҷараёни иҷрои нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аъзои ситоди шаҳрӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Илҳом Мадализода иттиллоъ дод. Тазаккур дода шуд, ки дар давоми  чор моҳи соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ҳудуди шаҳр беш аз 36 иншооти ҷашнӣ бунёд, тармим, таҷдид вав азнавсозӣ карда шуданд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба таҳия ва амалӣ кардани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Савзаалӣ Назирзода доир ба ҷараёни иҷрои нақшаҳо, тартиби низоми иҷрои онҳо, тавсеаи корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар маҳаллҳо, ҷалби соҳибкорон ва дигар масоили умдаи раванди иҷрои босифати нақшаи чорабиниҳо ба масъулин вазифагузориҳо намуд.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба нуктаҳои асосии нақшаҳои чорабинӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Зикр гардид, ки аъзои ситоди шаҳрӣ ва кулли сокинони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” ва масъулини соҳаҳо аз иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи чорабиниҳои таҳияшуда баромада, баҳри сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми имконият ва захираҳоро истифода бурда, баҳри гул-гулшукуфоии як гӯшаи хушманзари Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Гулистон ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон