zoofirma.ru

Тибқи нақшаи кории кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон озмуни идрорпулии  ҲХДТ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи ҲХДТ барои дарёфти гирандагони Стипендияи ҲХДТ ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар озмун  50 нафар хонандагон ва донишҷӯёни лаёқатманди дорои натиҷаҳои баланди гуногунҷабҳаи зеҳнӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҷамъиятӣ фаъолияти варзишӣ, иштирокчӣ ва ғолиби озмунҳои фаннии минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ,байналмиллалӣ, иштирокчии фаъоли корҳои ҷамъиятӣ, ки ҳуҷҷатҳои худро ба КИ ҲХДТ дар шаҳр супориданд, ширкат варзиданд. Аз шумораи довталабон 15 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони коллеҷи тиббӣ ва муассисаҳои таълимӣ аз озмун гузаштанд.