zoofirma.ru

Дар муассисаи давлатии таълимиии томактабии  «Парасту»-и шаҳри Гулистон ба ифтихори 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба чорабинии тантанавии «Хотираҳои ҷовидонаи бобоён» ташкил ва баргузор гардид.

Дар он  кӯдакони гурӯҳи омодагӣ ба мактаб «Нахӯдак» (мураббияш Фароғат Бобоҷонова) ва гурӯҳи калони томактабии «Офтобак» (мураббияш Лазокат Қодирова) доир ба корнамоиҳои бобоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъру таронаҳо хонда,  саҳначаҳои ҷолибро таҳти унвони «Гусели наваскар» намоиш дода, маҳорати расонидани ёрии аввалияи тиббиро духтаракони дӯстрӯяк нишон дода, мусобиқаи шавқовари «Дастрас намудани мактуб» байни дастаҳо баргузор гардид.

- Муассисаи мо бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-уми марти соли равон ифтитоҳ ёфта буд. Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мо аз шароитҳои фароҳамовардашуда васеъ истифода бурда, дар таълиму тарбияи дастпарварони худ камари ҳиммат бастаем. Шукронаи давлату истиқлолият ва Пешвои хирадманд намуда, барои тарбияи насли солиму фаросатпеша ҷидду ҷаҳд хоҳем кард, - иброз дорад сарвари МДТТ «Парасту»-и шаҳри Гулистон Дилрабо Норматова.