zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни азиз!

Рӯзи 9-уми май ба Ғалабаи бузурги таърихи инсоният ғалаба бар фашизм 74 сол пур мешавад ва ин ҷашнротамоми мардуми сарбаланди кишвар дар радифи дигар сокинони сайёра ботантана қайд мекунанд.

Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷумлаи фоҷиаҳои бузургтарини таърихи инсоният буд. Дар натиҷаи ин ҷанги хонумонсӯз ва наҷодпарастона кишварҳои бисёре хароб, бештар аз 50 миллион одам қурбон ва садҳо миллион нафар аҳолии мамлакатҳое, ки ба гирдоби ҷанг кашида шуда буданд, ба маҳрумияту азоби тоқатшикан гирифтор гаштанд. Тоҷикистон низ дар ин ҷанг талафоти зиёде дод. Қариб 300 ҳазор нафар фиристодагони тоҷикистонӣ барои дифои Ватан ва шарафу номуси  мардуми хеш дар набардҳои мубориза шуҷоат ва корнамоиҳои бузург нишон дода, 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои ҷанг ҳалок гаштанд.

Нақши Тоҷикистон дар заҳмати шаборӯзии ақибгоҳ низ хеле назаррас аст. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокорию қаҳрамониҳои меҳнатии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз мо ба ин ғалаба намерасидем. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд, дар фурсати кӯтоҳтарин халқи тоҷик дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа равона намуданд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҳудуди шаҳри Гулистон ягон нафар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт нестанд. Албатта, ин тақозои зиндагии инсон ва ҳукми қонуни табиат аст. Имрӯз якҷоя бо мо аз садҳо нафар иштирокчиёни бевоситаи Ҷанги Бузурги Ватани танҳо 7 нафар заҳматкашони диловари ақибгоҳ дар тантанаи 74-солагии Рӯзи Ғалаба ширкат доранд. Аз ҷумлаи заҳматкашони ақибгоҳ се нафарашон бо медали «Барои меҳнати фидокорона дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» сарфароз гардонида шудаанд.

Имрӯз хотираи он родмардони шуҷоатманди халқу Ватан, ки баҳри зиндагии орому осуда ва хуррами имрӯзаи мо дар набардҳои хунин ҷангида, дар барқарорсозии харобаҳову вайронаҳои оқибати мудҳиши он ва дар пешрафту рушди соҳаҳои хоҷагии халқамон ҷонфидо гардидаанд, абадӣ дар ёди мо нақш бастааст. Дар оянда низ корнамоиҳои падару бобоёни мо ҳамчун намунаи олитарини садоқату матонат ва меҳанпарастӣ барои мо хоҳад буд. Мо сари таъзим ба ёди ҷонбозиҳои онҳо фуруд оварда, ҳаргиз намегузорем, ки зиндагии осоиштаву ороми мо, кору пайкори созандаву бунёдкоронаи моро нохалафҳои ҷангҷӯву фитнаангез, иғвогарону бадхоҳони миллату давлат халалдор намоянд.

Бо самимият ҳамагонро бо 74-умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик намуда,  бароятон тансиҳатӣ, саодатмандӣ ва музаффариятҳо таманно дорам.

Иди Ғалаба Муборак дӯстони азиз!