zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ”  дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозон ва ҷавонписарони синни тодаъватии муассисаҳои таълимии маркази шаҳр чорабинии  рӯзи “Дарҳои кушод” ба вуқӯъ пайваст. Байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аскарон мусобиқаҳои варзишӣ, аз қабили футбол, ҷо ба ҷо кардани тир дар тирдон, волейбол, шашкаву шоҳмот ва турниккашӣ доир гардид. Ҳамзамон ҷавонписарони синни тодаъватӣ бо вазъи буду боши сарбозон ва техникаи ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр консерти марғуб баргузор гардид. Ба иштирокчиёни фаъол ва ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ сипоснома, диплом ва туҳфаҳои қимматноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.