zoofirma.ru

Бо ҳидоятҳои раъиятпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳр доир ба ғамхорӣ ва дастгирии қишри калонсоли ҷомеа, собиқадорони меҳнат тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Бо дастури Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода гурӯҳи кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷамоати шаҳраки Консой дар ин шаҳрак пиразани 102 сола – Тошбибӣ Аҳмадоваро аёдат намуда, бо ин шахси табаррук мулоқот доир намуданд.

Зикр бояд кард, ки очаи Тошбибӣ соҳиби чор фарзанд, 27 набера ва 18 абера мебошад. Фарзандонаш ва наберагонаш дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ифои вазифа доранд. Ҳамзамон, мавсуф беш аз 35 сол собиқаи корӣ дошта, дар кони маъдани шаҳрак  (ҳоло корхонаи муштараки «Апрелевка») софдилона фаъолияти меҳнатӣ бурдааст.

Зимни аёдат дар интиҳо Тошбибӣ Аҳмадова шукронаи зиндагиву қисмат ва давлати соҳибистиқлол намуда, ба Пешвои муаззами миллат барои дастгириву ғамхориҳои рӯзафзунашон изҳори самимии миннатдорӣ баён намуд.