zoofirma.ru

Дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила чорабинии хотирмон якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии “Гурдофарид” ташкил ва баргузор гардид. Дар қисми ибтидоӣ дар мавзӯи “Мавқеи зан дар ҷомеа ва оила” Робия Ҷарқинзода, Наҷминисо Ҷумъаева, Акмал Искандаров мубодилаи афкор намуданд.

Сипас заҳматкашони ақибгоҳи солҳои 1941-1945 Мунаввара Ғаниева, София Атаева ва собиқадорони меҳнат Надиля Алиева, Вера Кравченко аз ҳаёти оилавии худ, вазъи рӯзгордорӣ ва тарбияи фарзандону наберагон нақлҳо намуданд.

Хонандагони муассисаи давлатии таълимии рақами 2-и шаҳрак бо қироати шеъру таронаҳо дар васфи Ватан, модар, рафоқату дӯстӣ, намоиши саҳначаҳои ҷолиб аз  ҳаёти оилавӣ табъи иштирокчиёни маҳфилро болида намуданд.