zoofirma.ru

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” бахшида ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон таҳти унвони “Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат” дар Боғи фарҳангии 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангиву фароғатии “Шоми ҷавонӣ” ва аксияи шаҳрии “Мо ҷавонон-зидди ВНМО!”, “Мо ҷавонон амалҳои ифротиро маҳкум менамоем!”, “Ҷавонон ҷонибдори тарзи ҳаёти солим!”  баргузор гардид.

Дар чорабиниҳо муҳассилини муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, донишҷӯёни МҒД “Коллеҷи тиббӣ” ва сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз неъмати истиқлолияти давлатӣ, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва тафохури ватандорӣ фаъолона иштирок намуданд. Чорабиниҳои ҷолиб ва рангини “Як моҳи ҷавонӣ” дар маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои бомаром идома доранд.