zoofirma.ru

Тибқи нақшаи тасдиқгардида зиёда дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои ҳудуди шаҳри Гулистон ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ ба роҳ монда шуд.

Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Абдуалӣ Абдуманнонов, профессор, доктори илмҳои физика-математика, мудири лабараторияи Маркази илмии Хуҷанд, Абдуманнон Одинаев, номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Абдусабури Абдуваҳҳоб, устоди Донишгоҳи политехникӣ, рӯзноманигор, Маърифат Мавлонова, устоди Донишгоҳи политехникӣ иштирок намуда, якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар муассисаву ташкилот, корхонаву идораҳои маркази шаҳр доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ суханронӣ намуданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар 4 ҷомеаи меҳнатӣ, дар ҷамоати шаҳраки Консой дар толори ҷамоати шаҳрак, ду муассисаи таълимӣ, дар ҷамоати Чоруқдаррон дар толори маркази саломатӣ, толори МТМУ№3, мактаби бачагонаи санъат ва МДТТ №5, дар шаҳраки Сирдарё дар толори ҷамоат ва ЭКГҚ, дар ҷамоати шаҳраки Зарнисор дар толори беморхонаи шаҳрак, дар ҷамоати шаҳраки Навгарзан дар толори ҷамоат гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр бо иштироки тарғиботчиён ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, дар толори МҒД “Коллеҷи тиббӣ”, бахши фарҳанг-45 нафар, шуъбаи маориф ва се муассисаҳои таълимӣ, дар толори осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», ШБ Суғд, НБО «Дӯстии халқҳо», ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва дар дигар идораву муассисаҳо ба роҳ монда шуд.

Тарғиботчиён инчунин роҷеъ ба ташаббусҳои Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла дастгирии давлатӣ ва додани имтиёзҳо ба ҷавонон, иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар, доир ба шароити мусоид фароҳам овардани давлат барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон, доир ба аз бар намудани илму ҳунар ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва техналогияҳои муосир, оид ба ҳифз  намудани арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, огоҳ будан аз оинҳои давлатдории халқи худ, саъю талош намудан дар устувор гардонидани пойдевори давлатдории навини тоҷикон, иқдомҳои давлат дар бартараф намудани падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон, доир ба пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгаро ва бо мисолҳо аз вазъияти нооромии баъзе аз давлатҳои хориҷа суханронӣ намуданд.