zoofirma.ru

Дар Боғи истироҳатӣ-фароғатии “24-солагии Истиқлолият” -и маркази шаҳри Гулистон дар доираи чорабинии “Як моҳи ҷавонӣ” ва ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо иштироки 19 корхона, муассиса ва идораҳои шаҳр бо пешниҳоди 231 ҷойи нави корӣ (ҷойҳои холии корӣ) баргузор гардид.

Тибқи иттилои иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Гулистон Гулсинат Авзалова дар натиҷа дар рӯз баргузории ярмарка 18 нафар ҷавонон соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. Аз ҷумла 9 нафар дар ҶДММ “ШКСТХ”, 2 нафар дар ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”,  истироҳатгоҳҳои “Шифо” 1 нафар, “Сипар”  3 нафар ва соҳаи маориф 3 нафар ба ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Дар чорабинии мазкур корхонаи азимтарини шаҳр Ширкати кӯҳкорӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой, ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, КВД “Осоишгоҳи Шифо”, муассисаҳои соҳаи маориф фаъолона ширкат варзиданд.