zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон мулоқоти гурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии раиси Кумитаи номбурда Гавҳар Шарофзода бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аъзои Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кормандон ва масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, идораи нотариалии шаҳр,  котибони ҷамоати шаҳракҳо, роҳбарони ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳои шаҳр баргузор гардид.

Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода ҷамъомадро кушода,  иброз дошт, ки забон яке аз рукнҳои давлатдорӣ буда, дар ҳудуди шаҳри Гулистон дар шаш ҷамоати шаҳракҳо,  корхонаву муассиса ва идораҳо тибқи талаботи қонун комиссияҳои татбиқи забон фаъолият доранд.

 

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода доир ба натиҷаҳои кори гурӯҳи корӣ иттилооъ дода,   зикр намуд, ки бояд дар тарғибу ташвиқи мақоми забони давлатӣ теъдоди тоблуву овезаҳо бештар бошанд. Ҳамзамон, доир ба маводҳои дастуротии омоданамудаи Кумита роҷеъ ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар масоили марбут ба татбиқи Қонуни забон дастуру маслиҳатҳои судманд дод.

Иштирокчиёни мулоқоти судманд Обиддин Ваҳҳобов, корманди Шабакаҳои барқи Суғд, Сурайё Гадоева сарвари гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир ба тарҷумаи луғатҳои техникӣ, забони васоити ахбори омма, телевизион ва радио, инчунин ташкили барномаиҳои ҷолиби имлошиносӣ ва монанди ин ибрози андеша намуданд.