zoofirma.ru

Дар толори ҷамоати шаҳраки Консой бо иштироки раисони маҳаллаҳо, бонувон ва ҷавонони фаъоли шаҳрак вохӯрии сардори шуъбаи РКДАМ-и шаҳри Гулистон Хаёл Ҳакимов оид ба пешгирии падидаҳои номатлуб, муқовимат бо терроризму экстремизм, таҳкими ғояи миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ доир гардид.

Зикр гардид, тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳабӣ  бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Мусаллам аст, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ,иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Тазаккур гардид, ки дар марҳилаи пуртазоди ҷаҳони имрӯз Интернет  - шабакаҳои иҷтимоӣ фазои мусоид барои мубодилаи афкор, дарёфти иттилооти зарурӣ, дастрасии бесобиқа ба ҳама гуна ахборот, фаъолияти корӣ ва инъикоси филҳоли рӯйдодҳоро фароҳам овардааст.

Дар ин замина, на ҳама вақт ин фазо шаффофу саҳеҳ ва софу беғубор мебошад. Зикр шуд, ки кибертеррористҳо бо интишори маводҳои аудиовизуалӣ, аксу видеоҳои махсуси таъсиррасон машғуланд ва 80 дарсади иштирокчиён дар ҷангҳои мазҳабӣ аз Тоҷикистон тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ташкилотҳои террористӣ шомил шудаанд. Киббертерроризм яке аз навъҳои замонавии терроризм буда, онро терроризми электронӣ низ меноманд.

Дар охир доир ба масъалаи баррасишуда гуфтугӯи ошкоро ба вуқӯъ пайваста, иштирокчиён барои мулоқоти судманд ва пурмуҳтаво ибрози миннатдорӣ баён намуданд.