zoofirma.ru

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳраки Консой аксияи унвони “Дирафши мост-ҳизби халқ” доир гардид.

Дар қисми  ифтитоҳии аксия раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён доир ба ғояи ваҳдати миллӣ, таҳкиму густариши арзишҳои умумимиллӣ сухан ронда, сокинони шаҳракро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош намуд.

Дар аксияи «Дирафши мост ҳизби халқ», намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” зиёда аз 150 варақаи табрикотиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ тақсим намуданд. Ҳамчунин, дар ташкилоти ибтидоии ҶМТКММ “Апрелевка” озмуни “Шиори беҳтарини ҳизб” баргузор карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар ин замина, дар шаҳрак корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, тақсимоти навиштаҷоти “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”(2019-2021), “Саноатикунонии босуръати кишвар – ҳадафи чоруми миллӣ” дар раванди аксия баргузор карда шуд. Сокинони барӯманди шаҳрак аз ин иқдоми неки кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон болидарӯҳ гардида, шукронаи тинҷию осоиштаи Ватани маҳбубамон намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосгузорӣ намуданд. Аксияи «Дирафши мост ҳизби халқ» дар шаҳраки Консой дар сатҳи баланди ташкилӣ ва сиёсӣ ҷараён гирифт.