zoofirma.ru

Дар толори бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Гулистон тибқи барномаи “Сиёсати давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” курси сайёри такмили ихтисос барои намояндагони маќомоти давлатии муборизабаранда ба муқобили коррупсия - намояндагони мақомоти прокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ, кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилотяи Суғд дар давоми се рӯз доир гардид.

Дар машғулиятҳои курси сайёр масоили заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, идеологияи миллӣ ҳамчун омили муҳими худшиносии миллӣ, куррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ:манбаъ ва омилҳои он, одоби касбии хизматчии давлатӣ, ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, имиҷи хизматчии давлатӣ: принсипҳои методологӣ ва хусусиятҳои ташаккулёбӣ, давлати иҷтимоӣ ва моделҳои он: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон, этика ва поквиҷдонӣ, малакаи суханварӣ дар хизмати давлатӣ, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мавриди омӯзиш қарор дода шуда, мизи мудаввар дар мавзӯи “Ҷанбаҳои асосии пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:ҳолат ва дурнамо” баргузор гардид.

Машғулиятҳо аз тарафи кормандони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Дар интиҳои курси сайёр ба 30 нафар иштирокчиёни он гувоҳномаҳо супорида шуданд.