zoofirma.ru

Ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо иштироки 37 нафар довталабон хеле хотирмон  доир гардид.

Озмун тибқи  низомнома аз рӯи номинатсияҳои навозанда, сароянда, шоир ва ровӣ ба вуқӯъ пайваста, мутобиқи талаботи махсуси касбӣ дар вақти иҷро таълифи асари мусиқӣ, шеър, суруд ва оҳанг ба инобат гирифта шуданд.

Дар номинатсияи навозанда 13 нафар иштирок карда, тибқи баҳогузории аъзои ҳакамон ҷойи аввал ба навозанда Абдурасул Абдувоҳидов (рубоб), ҷойи дуюм ба навозандаи дутор Шукрона Раҳимова ва ҷойи сеюм насиби навозанда Сабрина Нарзуллоева (фортопиано) гардиданд.

Байни 12 сароянда мақоми якум ба Насим Мамадҷонов, ҷойи дуюм ба Шоҳрух Шамсиев ва ҷойи сеюм ба Суҳроб Абдувоситов дода шуд. Аз рӯи номинатсияи ровӣ ҷойи якум насиби Фараҳноз Абдуқодирзода, ҷойи дуюм ба ровии ҷавон Ҳуснигул Даминова ва ҷойи сеюм ба Фаришта Тоштемирова дода шуд.

Шоҳҷоизаи озмуни шаҳрӣ ба сарояндаи суруди “Ватан” намояндаи шаҳраки Чоруқдаррон Паҳлавон Усмонов  дода шуд.

Ғолибони озмуни шаҳрӣ бо диплом, сипоснома ва туҳфаҳои қимматнок сарфароз гардида, ба озмуни вилоятии “Тоҷикистон – Ватани азиз ман” роҳхат гирифтанд.

 

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон