zoofirma.ru

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мақсади фаҳмонидани муҳтавои вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони гумрук, молия, андоз ва бонк имрӯз дар шаҳри Гулистон мулоқоти аъзои Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони вилояти Суғд дар толори бахши муҳити зисти шаҳр баргузор гардид.

Дар мулоқот муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Бурҳон Маъруфзода доир ба муҳтавои суханрониии Пешвои муаззами миллат дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар суханронӣ намуд. Сипас сардори шуъбаи муқовимат бо терроризму экстремизм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ Прокуратураи вилояти Суғд Таваккал Файзуллозода, намояндаи Раёсати Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд Меҳрафзун Нурзода баромад намуданд.

Зикр карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таъкид намуданд, таъмини рушди бомаром ва дарозмуддати Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин раванд ҳамаи мо масъул мебошем. Амалӣ намудани нақшаҳои тасдиқшуда ба фаъолияти ҳамарӯзаи мову шумо вобастагии бевосита дорад. Дар мулоқот инчунин намояндаи прокуратураи вилояти Суғд, прокурори шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андоз Парвиз Алибеков ва сарнозири Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд Абдувосит Мамадҷонов иштирок доштанд.