zoofirma.ru

Ташаккули маърифати сиёсӣДар кумиҷроияи шаҳрӣ ба ташаккули маърифати сиёсии аъзоён аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Соати сиёсие, ки дар беморхонаи марказии шаҳр баргузор гардид, ба мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии марбут ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» бахшида шуд.

Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои муҳими дар нашрияҳо инъикосшуда ибрози назар намуда, аз аъзоёни ташкилоти ибтидоӣ даъват ба амал овард, ки бо нашрияҳои ҳизбӣ робитаи зич дошта бошанд.

Ҳамчунин чоп намудани тавсияҳои духтурони ботаҷриба доири пешгирӣ намудани бемориҳои гуногун, мақолаҳои фарогири тарзи ҳаёти солимро хеле муҳим ва саривақтӣ ҳисобид. Соати сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид. Тибқи нақша ташкили ҳамин гуна соатҳои сиёсӣ дар дигар ташкилотҳои ибтидоӣ низ дар назар аст.

Мавлуда Рафиева