zoofirma.ru

Бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мумфаршкунии роҳи Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон оғоз ёфт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ бо сокинону фаъолони шаҳр суҳбат намуда, оид ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маълумот дод. Таъкид карда шуд, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳазорҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд хоҳад шуд ва дар ин раванд ба таъмиру навсозии роҳҳо низ аҳмияти хоса дода мешавад.

-Ин иқдом дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, ба ободӣ ва беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми ҷамоат мусоидат мекунад, - изҳор дошт Раиси вилоят.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳи Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ба масофаи 2 км пурра мумфарш карда мешавад ва барои анҷоми корҳо аз буҷети вилоят 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Фаъолони Ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон аз амалишавии иқдоми мазкур изҳори хушнудӣ намуда, аз номи сокинони 3600 нафараи ҷамоат миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд