zoofirma.ru

Озмуни «Оилаи намунавии соли 2015»Қарори Раиси шаҳри Қайроққум таҳти № 148, аз 19 июни соли 2015 «Дар бораи гузаронидани озмуни шаҳрии «Оилаи намунавии соли 2015» ба тасвиб расид. Даври аввали озмун моҳҳои август-октябри соли ҷорӣ дар шаҳракҳо ва ташкилоту корхонаҳо гузаронида мешавад.

Ҳадафи озмун тарғиби маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, ташаккули тарзи ҳаёти солим, дарёфти оилаҳои беҳтарини сол, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва амсоли инҳо нигаронида шудааст. Озмун аз 7 шарт иборат мебошад.

Даври ниҳоӣ моҳи сентябр дар маркази шаҳр доир мегардад. Ғолибонро диплому туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр интизор аст.

Телефон барои маълумотҳои иловагӣ: (8-34-43) 2-40-26.

Бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД