zoofirma.ru

Ба ифтихори ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқии обии «Роғун» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Гулистон раҳпаймоӣ ва чорабинии фарҳангии оммавӣ баргузор гардид.

Дар маркази шаҳр роҳпаймоии сокинони маркази шаҳр ва ҷомеаҳои меҳнатӣ ба вуќӯъ пайваст. Ќолинбофону энергетикон, маорифчиёну табибон, ҷомеаҳои меҳнатии осоишгоҳҳо, мактабиён ва донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр дар даст шиору овезаҳо ба ифтихори ба кор андохтани агрегати дуюми НБО «Роғун» бо нидоҳои шодонаи «Шараф ба Тоҷикистони соҳибистиќлол!», «Шараф ба Пешвои миллати сарбаланд!», «Шараф ба бунёдкорони диловари Роғун!» аз кӯчаи марказии шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» мутантан роҳпаймоӣ намуданд.

Чорабиниҳои идона ба муносибати мавриди баҳрабардорӣ ќарор гирифтани чархаи дуюми Неругоҳи барќии обии «Роғун» дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфтанд. Тазаккур дода шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 28 соли Истиќлолияти давлатӣ дар ҷодаи соҳибихтиёрӣ ќадамҳои устувор гузошта ба дастовардҳои беназир ноил шуд. ва ба яке аз намунаҳои олии он 9-уми сентябри соли 2019 њамагон шоҳид гардиданд. Ин намуна ва самара сохтмони Неругоҳи барќи обии «Роғун» мебошад, ки гарчанде заминаи бунёди он ҳанӯз аз солҳои ҳафтодуми асри бистум ибтидо гирифта буд, аммо оғози корҳои асосии ин сохтмони бузурги аср маҳз тавассути сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ гардид ва чархи дуюми он ба истифода дода шуд. Барҳаќ, Неругоҳи барќи обии «Роғун» дар солҳои соҳибистиќлолӣ ба ифтихори миллии халќи шарифи Тоҷикистон табдил ёфт. Дар тўли як сол аллакай ду агрегати ин иншооти беназири аср мавриди истифодабарї ќарор дода шуд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертиро таҳти унвони «Роғун - иншооти беназири аср!” манзури иштирокчиёни тантанаҳо гардониданд.