zoofirma.ru

Иқдоми Раиси шаҳрМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр марбут ба сиёсати иҷтимоӣ сол то сол ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода барои таъмиру таҷдиди шуъбаи сироятӣ ва амрози занонаи сохтори госпиталӣ аз буҷаи маҳаллӣ 232 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

-Ин ғамхорӣ имкон дод, ки барои табобат дигар шаҳрвандон ба шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафуров нараванд. Дар шуъба тамоми шароит ва таҷҳизотҳои муосири тиббӣ муҳайёст, - иброз медорад, менеҷери сохтори госпиталии шаҳр Савриҷон Бойматова, - чунин ободкориҳо дар соҳаи тандурустӣ моро водор месозад дар самти беҳдошти саломатии аҳолии шаҳр ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим тамоми донишу малакаи хешро сафарбар намоем.

Бинокорони ҶДММ «Ариана-Л» дар таъмири босифати шуъба ҳиссаи сазовор гузоштанд.