zoofirma.ru

Инъикоси Қайроққум дар матбуоти даврӣХабари бунёди осоишгоҳ ва маркази таълимию истеҳсолӣ дар Қайроққум, дар нашрияи «Ҷумҳурият» №143, аз 15 июли соли 2015 дарҷ шуд.

«Фаъолияти корхонаҳои саноатӣ босамар буд»- таҳти чунин унвон гузориши хабарнигор Абдувосит Самизода аз нишасти матбуотии Раиси шаҳри Қайрокқум Матлубахон Амонзода  дар рӯзномаи «Садои мардум» № 94, аз 13 июли соли 2015 ба чоп расидааст.

Дар нашрияи «Ваҳдат» бошад таҳти №13, аз июлмоҳи соли равон навишта бо унвонии «Сарчашмаи бахти баланд» оид ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар шаҳри соҳили «Баҳри Тоҷик» доир  гаштааст рӯйи чопро дидааст, ки ба қалами Тоҳирҷон Искандарзода тааллуқ дорад.

Иттилоъ аз ифтитоҳи осоишгоҳ ва маркази зообайторӣ» дар шаҳраки Адрасмон дар рӯзномаи  «Ҳақиқати Суғд», аз 14 июли соли ҷорӣ, № 84 чоп шуд.

«Қайроққум: Проблема №1 – питьевая вода» - муаллифони мақола Лутфӣ Негматзода ва Саидҷон Сулаймонов дар бораи нишасти матбуотии Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар рӯзномаи «Согдийская правда» дар 11 июли 2015, таҳти №58 гузориш таҳия кардаанд.