zoofirma.ru

Ҳамасола рӯзи 1-уми октябр дар кишвар Рӯзи пиронсолон ҷашн гирифта шуда, ин қишри табарруки аҳолӣ, ки таҷрибаи бою тӯлонии зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатӣ доранд аз тарафи масъулин аёдат карда мешаванд. Дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ин табақаи аҳолӣ ба ғамхориҳои давлату ҳукумат фаро гирифта мешаванд.

Бо супориши Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин рӯз 20 нафар пиронсолонро аёдат карда, ба онҳо туҳфаҳои Раиси шаҳрро дар вазъи тантанавӣ супориданд. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр масъулин Анастасия Петроваи 102 сола ва Ҳафиза Камоловаи 92 сола аёдат гардида, ба эшон туҳфаҳо ва маводҳои хӯрокворӣ супорида шуд.

Ҳамчунин дар ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор ва Навгарзан низ пиронсолон аз тарафи кормандони ҷамоат дар ин рӯз аёдат карда шуданд.