zoofirma.ru

Истиқлолият рамзи озодии миллату давлат

Бисту чор сол боз кишвари мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун давлати соҳибихтиёр арзи ҳастӣ мекунад. Дар ин муддат Тоҷикистон дар ақсои олам таҳти сарварии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нуфузи арзандаро соҳиб гардид. Баҳри истиқбол ва таҷлили 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори навбатии Раиси шаҳр таҳти №186, аз 6 августи соли ҷорӣ ба тасвиб расид.

Муқовимат ба коррупсия

Қарори аз 10 августи соли 2015, №190 ба тасвиб расида таъмин намудани иҷрои тадбирҳои дар нақша-чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013-2020» тарҳрезӣ гардидаро фарогир мебошад.

 

Мадина соҳиби Грант

Бонуи ҳунарманди қайроққумӣ Мадина Абдулфайзова лоиҳаи хешро дар мавзӯи «Ҳунар беҳ аз симу зар» барои гирифтани Гранти Раиси вилоят пешниҳод ва соҳиби 8 ҳазор сомонӣ маблағ гардид.

«Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ

Таҳти чунин унвон аз рӯи 10 шарт озмуни шаҳрӣ доир шуд ва узви фаъоли китобхонаи марказонидашуда, толибилми синфи 8-уми МТМУ-и №14 Фарзонаи Наимзода соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.

Маниҷа Турсунова мақоми аввал ва Фараҳнози Абдуқодирзода, Мунира Каримова ҷойҳои минбаъдаро соҳибӣ карданд.

Намоиши китобӣ

17 август ба ифтихори мавлудрӯзи асосгузори тибби шарқ Абӯали ибни Сино ва Иди касбии пизишкон намоиши китобӣ таҳти «Абӯалӣ ибни Сино-падари тибби тоҷик» дар Кохи Истиқлол ба вуқуъ омад.