zoofirma.ru

Дар ҷамоати шаҳраки Консой маросими ботантанаи гусели ҷавонписарони шуҷоатманд ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ баргузор гардид.

Маросими гусели даъватшавандагони ихтиёриро раиси ҷамоати Консой Баҳодур Сайдуллоӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Сипас раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони меҳнати шаҳрак Зулхумор Холиқова, модари даъватшаванда Саодат Абдураҳмонова доир ба қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ҳарф заданд. Зикр карда шуд, ки хизмат кардан ба Ватан дар сафи Артиши Миллӣ аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта мебошад. Зеро Ватан ва миллат ин ду рукни муқаддас аст, ки ба ҷуз онҳо ҳеҷ як нафар сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад. Аз ин рӯ, дар урфият мегӯянд: «Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан воҷибтар аст».

Ҳамзамон, қайд гардид, ки сафи ҷавонписарони ихтиёрӣ аз шаҳраки Консой тайи чанд сол инҷониб барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд. Ҷавонписарон хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан шараф буда, ҳимояи амну осоиштагӣ қарзи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу ор мебошад.

Дар ин рӯз даъватшавандагони Шоҳрух Абдураҳмонов, Фаридун Сангинов, Шарифҷон Қосимов, Шоҳрух Турдибоев, Далер Абдураҳмонов, Ҷасурбек Амонов ва Хурошед Масалиев бо ихтиёр ва даъвати Ватан-модар барои иҷрои вазифаи муқаддаси худ ботантана гуселонида шуданд.