zoofirma.ru

Бо мақсади ҳавасгардонӣ, эҳё намудани ҳунарҳои қаннодии миллӣ, вусъати ҳамкорӣ оид ба истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти қаннодӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ дар толори бахши фарҳанги шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҳунарҳои қаннодӣ ва ҳалвопазӣ бо иштироки ғолибони даври якум дар шаҳракҳо баргузор гардид.

Дар озмун 11 нафар довталабон аз ҷамоати шаҳракҳо ва корхонаву муассисаҳо иштирок намуданд. Иштирокчиён аз 10 то 22 намуди маҳсулоти қаннодӣ ва ҳалвопазиро манзур намуданд. Махсусан, дасторхони маҳсулоти қаннодӣ ва ҳалвопазии бонувони ҳунарманд Гулчеҳра Машарифова, Шаҳноза Шукурова, Шаҳноза Муҳриддинова, Меҳрубон Абдувоҳидова, Нафиса Иброҳимова, Шаҳодат Сатторова, Машҳура Толибова, Парвина Маматова, Дилором Ҷӯраева, Манзура Мирзоева ва Маҳфуза Аҳмадалиева ба аъзои ҳакамон ва тамошобинон хеле писанд омад.

Барои ишғоли ҷойи якум дар озмун намояндагони ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон бо дипломи дараҷаи якум, намояндагони ҷамоати шаҳраки Сирдарё бо дипломи дараҷаи дуюм ва намояндагони ҷамоати шаҳраки Косной бо дипломи дараҷаи сеюм сарфароз гардида, роҳхатро барои иштирок дар озмуни вилоятӣ соҳиб шуданд. Инчунин ба иштирокчиёни фаъоли озмун сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.