zoofirma.ru

Дар толори муассисаи таълимии № 14-и маркази шаҳр мулоқоти гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти қудратӣ бо волидон, хонандагон ва омӯзгорони ин дабистон баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили мубрами рӯз пешгирии ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасону ҷавонон, шомилшавии онҳо ба аҳзобу ҳаракатҳои ифтротгаро, зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, муқовимат бо иттилооти “фейки”-и шабакаҳои иҷтимоӣ, масъулияти волидайн ва фарзандон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, интихоби касби дӯстдошта ва монанди ин матраҳ гардиданд.

Дар назди ҳозирин мудири бахши ҷавонон ва варзиш Саидахон  Аҳмадзода, мудири бахши САҲШ Наргис Маҳмудзода, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и  шаҳр Суҳроб Тоиров, менеҷери муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Гулшан Мадаминова ва нозири калони гурӯҳи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД ҶТ дар шаҳр, лейтенанти калони милитсия Фирдавс Нурматзода оид ба масоили зикршуда суханронӣ намуда, ба саволҳо посухҳои қаноатбахш доданд.

Дар фарҷоми мулоқот сарвари муассисаи таълимии № 14 Нодира Абдуқодирова барои баргузории суҳбати ошкоро ва муфид ба масъулин изҳори миннатдорӣ баён намуд.