zoofirma.ru

Рӯзҳои истироҳат беш аз 150 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон идораву ташкилотҳо, муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ барои ёрӣ расонидан ба деҳқон ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд.

Ҳашарчиён дар пахтазори хоҷагии ҳамҷавори деҳқонии ба номи Қӯшатови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҷамъоварии ҳосили пахта кумак карданд. Онҳо беш аз 3 тонна ҳосил ҷамъ оварда, ба хирмани умумии ноҳия саҳми сазовор гузоштанд.