zoofirma.ru

Дар толори Кохи варзишии”Истиқлол”-и шаҳри Гулистон мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол  байни 8 дастаи мунтахаб аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1, 14 ва гимназияи маркази шаҳр, № 2-и ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон, №3-и ҷамоати шаҳраки Консой, дастаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, 7 ва 12-и ҷамоати шаҳраки Адрасмон баргузор гардид.

Ҷараёни мусобиқаи шаҳрӣ байни дастаҳо хеле тезутунд ва шавқовар бо дастгирии мухлисони ин намуди варзиш сурат гирифт. Дар рафти мусобиқаи шаҳрӣ оид ба волейбол ҳамаи дастаҳои иштирокдошта барои ба даст овардани натиҷаи баланд кӯшиш ба Волейболбозони дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ҷамоати шаҳраки Адрасмон, деҳаи Гулдара бо нишон додани маҳорати баланд сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ҷои дуюм насиби дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ҷамоати шаҳраки Консой ва ба ҷои 3-юм хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр соҳиб гардиданд. Ба ғолибони мусобиқа ва бозингарони беҳтарин туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар вазъи тантанавӣ супорида шуд.