zoofirma.ru

Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҳфили бонувон таҳти унвони “Нақши зан дар ҷомеа” бо иштироки фаъолзанони маркази шаҳр баргузор гардид. Муовини раиси Шӯрои шаҳрии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Санавбар Нуриллоева маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид.

Аъзои Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Мирпочоева ва Дилором Ҷабборова доир вазъи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, нақши зан дар ҷомеа, зан ва сиёсат, оиладорӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар маҳфил раиси Шӯрои собиқадорони меҳнати шаҳри Гулистон Каромат Қосимова, раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён ва корманди гимназияи шаҳр Гулбаҳор Сатторова доир ба мақом ва нақши зан мубодилаи афкор намуданд.