zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон машварати корӣ бо иштироки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, нозироти андоз, раёсати молияи шаҳр, бахши хусусӣ, раисони ҷамоати шаҳракҳо ва дигар шахсони масъули соҳаи иқтисодиёт ва саноат доир гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода машваратро ифтитоҳ намуд. Муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Нуринисо Комилзода доир ба вазъи соҳаи иқтисодиёт ва шаҳри Гулистон дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 гузориши муфассал манзур кард.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ соҳаи иқтисодиёт ва саноати шаҳрро таҷзия намуда, аз сарварони корхонаву муассисаҳои дахлдор пурсиш ба амал оварда, бобати таҳким бахшидани фаъолият дар самти саноатикунонии босуръати шаҳр, дастгирии бахши хусусӣ, ҷалби сармояи мустақим, таъмини саривақтии сифатноки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷет, инчунин суръат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.