zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон тибқи нақшаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинар-машаварати омӯзишӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода семинар-машваратро бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои тоинтихоботӣ – семинарҳо бо ин мақсад доир мегарданд. Ҷиҳати иҷрои протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2019, №2, мактуби Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2019, №64 ва доир ба омодагиҳо барои интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо дар шаҳри Гулистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Сипас Раиси Комисссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода, судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қамарзода Рошиддин, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Раҳмон доир ба тағйироту иловаҳо дар санадҳои меъёрии интихоботӣ, раванди корҳои ташкилӣ дар раванди интихобот, вазифаву ҳуқуқҳои комиссияҳои интихоботӣ, аъзои ин комиссияҳо, фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллии давлатӣ, мақомоти худидоракунӣ, ҳуҷҷатнигорӣ дар фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ҷараёни интихобот тавзеҳ ва эзоҳ дода шуда, дастуру супоришҳо доир ба ташкили кори комиссияҳои интихоботӣ дода шуданд.