zoofirma.ru

Бо қарори Раиси шаҳр таҳти № 194, аз 17 августи соли 2015  Каримов Абдуаҳад Қурбонбоевич аз санаи 17 августи соли 2015 роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Қайроққум таъйин шуд.

Каримов Абдуаҳад Қурбонбоевич 13 июли соли 1989 дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров дида бар олами ҳастӣ бикшодааст. Таҳсилро дар мактаби миёнаи № 14 оғоз карда, баъдан аз соли 2000 дар «Мактаби хусусии ба номи П.Пӯлодов»  идома медиҳад.

Соли 2007 ба донишгоҳи аграрии Тоҷикистон факултаи агрономӣ дохил шуда, онро соли 2012 хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатии Абдуаҳад Каримов ба ҳайси мутахассиси шӯъбаи нозироти савдо дар Агентии тоҷикстандарт дар вилояти Суғд оғоз ёфтааст. 2 апрели соли 2015 мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кайроққум таъйин мегардад. Узви ҲХДТ. Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.