zoofirma.ru

Бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо дар Кохи фарҳангии «Истиқлол» ҷаласаи тантанавии идона бо иштироки фаъолони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, мақомоти қудратӣ, собиқадорони меҳнат, муҳофизони сохти конститутсионӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир гашт.

Ҷаласа бо воридшавии Парчами давлатӣ ва танинандозии Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз гардид. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҳозиринро ба ифтихори 25-солагии рӯзи қабули Конститутсия табрик кард. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, директори маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд Муҳамадӣ Давлатов табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ифтихори ин санаи ҳумоюн манзур намуд.

Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули афкори пешқадами кулли мардуми кишвар буда, таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст. Дар Конститутсия арзишҳои олии ҳаёти ҷамъиятӣ ва сохторҳои давлатӣ, эътирофи волоияти қонун, эътирофи арзишҳои олӣ доштани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ва монанди ин таҷассуми худро ёфтаанд. Бисту панҷ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки Конститутсия ба онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. Натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст. Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Ба ифтихори 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи амри Раиси шаҳри Гулистон ба собиқадорони меҳнат, пешоҳангони соҳаҳои хоҷагии халқ, муҳофизони сохти конститутсионӣ ва оилаҳои дар ҷанги шаҳрвандӣ саробонгумкарда бо сипоснома ва туҳфаҳои қимматноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.

Санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр дар қисми бадеӣ намоиши марғубро таҳти унвони «Конститутсия-сарнавишти миллат» манзури ҳозирин намуданд.