zoofirma.ru

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият буда, ҳамчун санади муқаддас ва тақдирсоз роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кардааст. Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози мардуми кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни мо оини давлату давлатдории тоҷиконро, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон идома ва сайқал ёфтааст, ҳамчунин кӯшишу талошҳои фарзандони хирадманду фарзонаи ин халқро дар роҳи расидан ба соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ ҷомаи амал пӯшонид».

Хушбахтона, аз рӯзи қабул шудан Конститутсияи Тоҷикистон ва воридшавии тағйиру иловаҳо дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ аз ҷониби мутахассисони чӣ дохилию чӣ хориҷӣ ва коршиносони созмонҳои байналхалқӣ баҳои баланд гирифт. Зеро он ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам мазмун ҷавобгӯӣ меъёрҳои демократикунонии ҷомеа мебошад. Бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мувофиқи иродаи кулли мардуми Тоҷикистон буда, дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати комил таъмин гардид, ки имрӯз таҳким ва ҳифзи онҳо қарзи фахрии конститутсионии ҳар фарди ҷомеа ба шумор меравад.

Риоя ва татбиқи Конститутсия вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон аст. Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Танҳо ҳамон миллате дар байни оламиён соҳиби обрӯ мегардад, ки Конститутсия ва қонунҳои худро эҳтиром ва риоя мекунад, танҳо ҳамон давлате эътибор пайдо менамояд, ки шаҳрвандонаш сарфи назар аз мансубияти наҷодӣ, миллӣ ва диниаш эҳтиром ва волоияти қонунро ба ҷо меоранд ва дар айни замон ба арзишҳои беҳтарини башарият қадргузорӣ мекунанд.

Боварии комил дорам, ки мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон ва шаҳракҳои он минбаъд низ тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия қарзи шарҳвандии худро сарбаландона адо хоҳанд кард. Зеро эҳтиром, риоя ва ҳифзи Конститутсия кафолати таъмини қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа мебошад. Бинобар ин, риояи Конститутсия ва таъмини волоияти қонун вазифаи ҳамаи мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як фарди бонангу номус мебошад.

Бо самимият кулли мардуми шарафманду сарбаланди шаҳри Гулистонро ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат таманно дорам.